Ҳамаи хабарҳо
Тамошои нусхаи монтажшудаи филм
Дар киностудияи ба номи Горкий нусхаи монтажшудаи филм намоиш дода шуд, ки натиҷаи кори дусолаи беш аз 150 нафар дар шароити душвори Помир аст.



30 октябри соли 2024 дар толори тамошои яке аз павилонҳои студияи афсонавӣ нусхаи монтажшудаи филми «Чарогоҳҳои худоён» намоиш дода шуд.
Бо ҳаяҷон лаҳзаеро интизор будем, ки натиҷаи заҳмати пурмашаққати беш аз саду панҷоҳ нафар, як соли тайёрӣ ва ду соли наворбардорӣ дар шароити бағоят душвори кӯҳсори Помирро дар экрани калон бубинем.
Муҳокима кардем, такмил додем, баҳс кардем ва ислоҳот ворид намудем — хулоса, ҳанӯз кор кардан лозим аст.