Филм ба фестивали «Зимистонӣ» интихоб шуд
Аз 80 дархости пешниҳодшуда «Чарогоҳҳои худоён» ба ҳаштгонаи IV кинофестивали кушодаи русии синамои муаллифӣ «Зимистонӣ» роҳ ёфт.



25 ноябр, ҳангоми бранчи корӣ, созмондиҳандагони фестивали «Зимистонӣ» рӯйхати иштирокчиёни озмунро эълон карданд.
IV кинофестивали кушодаи русии синамои муаллифӣ «Зимистонӣ» аз 1 то 7 декабри соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани обрӯи синамои Русия, тарғиби бахши муаллифии он, шинос кардани тамошобинон бо натиҷаҳои мавсими кино ва мусоидат ба рушди паҳнкунии филмҳои муаллифии Русия баргузор мегардад.
Аз 80 дархости пешниҳодшуда филми мо «Чарогоҳҳои худоён» ба ҳаштгонаи хушбахтон роҳ ёфт!
Ин ҳам хеле гуворо ва ҳам масъулияти бузург аст!