Нахустнамоиши бошукӯҳ дар маркази Маскав
24 март дар олами синамои Русия воқеае рух дод, ки ҳамаи мо интизораш будем: нахустнамоиши филми саргузаштии «Чарогоҳҳои худоён» (муаллифи филмнома Олег Денисов, коргардон Анар Аббосов).



Ситораҳои синамои Русия, блогерҳои маъруф, рӯзноманигорон, намояндагони расонаҳо ва телевизионҳои гуногун, мунаққидони кино ва продюсерон, ҳамкорони соҳа дар зери боми дилангезтарин кинотеатри Маскав — «Пят звезд на Павелетской» ҷамъ омаданд.
Гурӯҳи наворбардорӣ қариб бо ҳайати пурра таҳти роҳбарии продюсери генералии филм Алек Шахбазян филмро муаррифӣ кард.
Иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ, ҳунарпеша Данила Якушев шеъреро қироат кард, ки онро ҳангоми экспедитсия, дар ҷараёни наворбардории филм дар Тоҷикистон эҷод карда буд.
Дар охири намоиш толор аз кафкӯбиҳои пурҷӯш ба ларза омад, ки ин хеле гуворо ва арзишманд аст! Ташаккур ба ҳама!
Аз 26 марти соли 2026 роҳи дуру дароз ба сӯи дили тамошобинон оғоз меёбад!